барои бандкунии дучарха:
Дар экрани асосии барномаи Яндекс Проро виҷети идоракунии велосипед пайдо мешавад.
барои кушодани мамнӯъи дучарха:
Садои кӯтоҳро хоҳед шунавид, дисплей хомӯш шуда, мамнӯъи чархи оқиб кушода мешавад
1 — спидометр/қувваи батарея. Бо пахшкунии дурударози тугмаи 2 дар рул мегузарад
2 — масофаи умумӣ/вақти ҷорӣ. Бо пахшкунии дурударози тугмаи 3 дар рул мегузарад
1 — хомӯш/фаъол кардани чароғ
2 — чароғи гардиш ба чап
3 — чароғи гардиш ба рост
4 — клаксон
5 — мамнӯъкунии дучарха
6 — фишанги шитоб
Барои даргиронидани гардишҳо, тугмаи 2-ро барои чап ва 3-ро барои рост кӯтоҳ пахш кунед.
Бонг 8 маротиба хоҳад дурахшид ва ба таври худкор хомӯш мешавад, ё ки шумо онро худ бо пахшкунии такрории тугма хомӯш карда метавонед.
Реҷа як суръатро дар вақти муайян нигоҳ медорад. Барои ин пахш кардани газ ё ки тормоҳ лозим нест — фақат Круиз-контролро фаъол кунед.
Барои ин дар вақти ҳаракати беш аз 5 км/соат тугмаи 1-ро 2 сония пахш кунед. Рақамҳои спидометр сабз мешаванд, суръат нигоҳ дошта мешавад, ҳатто агар фишанги суръат 6-ро сар диҳед ҳам.
Барои аз реҷа баромадан, тормози дилхоҳро пахш кунед.
Реҷа баромадан ба пандусҳоро осон мекунад. Барои фаъол кардани он, тугмаи 1-ро 2 сония пахш кунед. Инро дар вақти ҳаракат бо суръати пасттар аз 5 км/соат ё ки дар вақти истодан иҷро кардан мумкин аст.
Рақамҳои спидометр кабуд мешшаванд, ва суръати максималӣ бо 3 км/соат маҳдуд мешавад. Аз фишанги 6 барои идоракунии суръат истифода баред.
Барои баромадан аз реҷаи ёрирасон, боз ба тугмаи 1 на кам аз 2 сония пахш кунед.
Барои танзимкунии бағоҷи оқиб:
Халта бояд дар бағоҷ зич ҷойгир шавад. Барои кашонидани қуттиҳои квадратӣ бо питса, камонро ба ҳолати уфуқӣ гардонидан лозим аст.
агар чархзанонии педалҳоро нахоҳед, онҳоро ҳамчун поймонак истифода бурдан мумкин аст. Барои гирифтани педалҳо, онҳоро дар ҳолати уфуқӣ мустаҳкам кунед:
Барои баргаштан ба реҷа бо педалҳо, мамнӯъи педалро кушоед ва чархи дандонро ба тарафи баръақс тоб диҳед. Педалҳо кор дода метавонанд, вақте ки қувваи батарея ба анҷом расад.
Барои пур кардани батарея, шумо бояд онро аз велосипед бароред ва ба пуркунандаи аслӣ дар ҷои мувофиқе, ки васлаки стандартии 220в дорад, пайваст кунед.
Дар ҳолати зарурӣ, шумо метавонед батареяро бевосита дар велосипед бо пайваст кардани пуркунандаи барқ ба пайвасткунаки зери нишаст пур кунед.
Пуркунии пурра тақрибан 6 соатро мегирад. Агар ҳарорати батарея аз +10°C паст бошад, он бояд гарм шавад. Дар ҷараени гармкунӣ лампаи кабуд чашмак мезанад. Пас аз он ки батарея ба ҳарорати дуруст мерасад ва лампаи кабуд чашмак заданро қатъ мекунад, раванди барқгирӣ оғоз меебад.
Агар шумо барқро васл карда бошед ва бинед, ки лампаҳои кабуд ва сабз чашмак мезананд (2 ва 3) ва барқгирӣ оғоз намешавад, интизор шавед, ки батарея гарм шавад.
Дар ҳолати баста дучарха метавонад нав карда шавад.
Сегментҳои намоиш бо навбат фурӯзон мешаванд.
Диққат! Ҳангоми навсозӣ батареяро хомӯш кардан мумкин нест. Одатан навсозӣ 3-5 дақиқа мегирад